Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри лимӯпарварӣ дар мактабу боғчаҳои Андиҷон


Мақомоти Андиҷони Узбакистон ба мудирони мактабу боғчаҳо дастур додаанд, ки дар ҳудуди муассисаҳои таълимии зери раҳбарияшон лимӯ парваранд. Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати Андиҷон, тамоми мудирон дастур гирифтаанд, ки дар ҳудуди мактабу боғчаҳои вилоят лимӯхона бунёд кунанд.

Як масъули Шуъбаи маорифи Андиҷон мегӯяд, иқдоми мазкур ба хотири афзоиши ҳаҷми содироти мева ва сабзавот гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки мудирони баъзеи мактабҳо аз камбуди имкониятҳои молӣ ва мутахассисон барои сохтмони гармхонаҳо барои лимӯпарварӣ шикоят доранд.

"Барои ин кор пул надорем. Ҳокими вилоят гуфт, ки бонкҳо ба мо қарз хоҳанд дод. Вале ба ҳар сурат ин пулро бояд баргардонд. Ба ҷуз ин, мо аз куҷо боғбон меёбем? Барои парвариши лимӯ мутахассиси хуб лозим аст. Омӯзгорони мо бо тарбияи мактабиён бояд машғул шаванд ё лимӯ парваранд?", - изҳор медорад мудири яке аз мактабҳои Андиҷон.

XS
SM
MD
LG