Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон чораҳои амниятиро дар марз пурзӯр кардааст


Туркманистон дар пайи пурзӯр кардани тадобири амниятӣ дар марз бо Қазоқистон содасозии равуои сокинони назди марзии ин кишварро ба қаламраваш қатъ кардааст. Дар ин бора Хадамоти мабуотии Шуъбаи даромади давлатии Мангистауи Қазоқистон иттилоъ додааст. Сабаби пурзӯр шудани чораҳои амниятӣ дар марзи Туркманистон гуфта намешавад.

Ба иттилои манбаъ, ин раванд то чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт. Дар марзи Туркманистон бо Қазоқистон гузаргоҳи автомобилии "Темирбобо" ва гузаргоҳи роҳи оҳани "Болашак" фаъолият мекунад.

Бар пояи созишномаи байниҳукуматӣ, шаҳрвандони Қазоқистон, ки сокини доимии вилоятҳои Атирау ва Мангистау ҳастанд, метавонанд ба вилояти Балкани Туркманистон бидуни раводид ворид ва то 5 шабонарӯз дар онҷо ба сар баранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG