Аз зиндонҳо озод шудани маҳбусон ва татбиқи афви сартосарӣ ҳанӯз аввали кор аст ва масъалаи муҳим - таъмини ин афрод бо машғулият ва даромади собит мебошад. Бо ин андеша ташаббускорони як мизи гирде дар Душанбе ба зарурати андешидани тадбирҳои корсоз дар замина таъмини ҷойҳои корӣ ба хотири ба ҳаёти соливу бидуни ҷиноят баргардонидани ин афрод таъкид карданд. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Раёсат оид ба маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ, Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Намояндагии ислоҳоти зиндонӣ (PRI) дар ОМ ташкил карда шудааст. Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт:
“Татбиқи барномаҳои барқарорсозии иҷтимоии маҳкумшудагон аз ҷузъи муҳим барои баргардонидани маҳкумшудагон ба ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ташкили меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар муассисаҳои ислоҳии Чумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020 тасдиқ намуд. Барои татбиқи барномаи зикршуда давлат маблағ ҷудо намуда ҳамчунин рушди ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ барои ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ ҷонибдорӣ менамояд”.
Дар Тоҷикистон 10 маҳбас ва муассисаҳои ислоҳӣ амал мекунад, ки дорои корхонаҳои истеҳсолӣ ҳам ҳастанд, вале боз ҳам баъди озод шудани зиндониҳо аз маҳбас бисёри онҳо бо мушкили пайдо кардани ҷои кор рӯбарӯ мешаванд.