Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 19 декабр муҳлати таҳримҳои иқтисодияшро зидди Русия то 31 июли соли 2017 дароз кард. Дар ин бора сомонаи расмии Шӯрои Аврупо хабар додааст. Сабаби асосии тамдиди таҳримҳо иҷро нашудани шартҳои созиши Минск аз сӯи Русия унвон шудааст.
Рӯзи ҷумъаи гузашта роҳбари Шӯрои ИА Доналд Туск гуфт, таҳримҳои зидди Русия ним сол тамдид мешавад, ҳарчанд, ба гуфтаи вай, бархе кишварҳо ҷонибдор буданд, ки таҳримҳо то як сол дароз шавад.
ИА баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия соли 2014 ва шуруъи ҷанг дар Донбасс, зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кард. Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Кремлро айбдор мекунанд, ки ба ҷудоихоҳон аслиҳа медиҳад. Москва ин айбҳоро рад мекунад.
Таҳримҳои Аврупо бахшҳои мудофиа, энергетика ва молияи иқтисоди Русияро дар бар мегирад.