Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмони Алиқул Усмоновро кӣ каҷ кард? ВИДЕО


Акси шоири шинохта Алиқул Усмонов дар рӯйи пули 200 соми қирғизӣ миёни сокинону раҳбарияти Бонки миллии Қирғизистон баҳси тундеро барангехт. Сокинони Қирғизистон гуфтанд, раҳбарияти бонк ҳангоми тағйири акси Усмонов чашмонашро каҷ ё олус нишон додаанд. Онҳо талаб доранд, ки акси шоир дубора иваз карда шавад.

Бонки миллии Қирғизистон пули навро аллакай чоп кардааст ва моҳи январи соли оянда ба муомилот хоҳад баровард.

Масъулони Бонки миллии Қирғизистон гуфтанд, акси Алиқул Усмонов қаблан низ дар пули 200 соми қирғизӣ тасвир ёфта буд ва дар пулҳои нав чеҳраи шоир чандон тағйир нахӯрдааст. Ин пул аз соли нав ба муомилот баромада, аз шакли пешинааш бо рӯшноии бештар фарқ дорад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Чашмони шоирро кӣ каҷ кард?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Дана Сайфуллина, намояндаи Бонки миллии Қирғизистон, гуфт, “аз ин пештар сокинон шикоят доштанд, ки акс чандон рӯшан нест. Барои ҳамин, тасмим гирифтем, ба нусхаи анъанавии таҳияи пул баргардем ва аксро дастӣ ҳаккокӣ намудем.”

Чеҳраи шоир дар пули нав, воқен, равшантар шудааст, вале чашмонаш каме каҷ менамояд. Чунин акс мардуми мушоҳидакорро ба хашм овардааст, аммо намояндагони Бонки миллӣ мегӯянд, чеҳраи Алиқул Усмоновро иваз накардаанд ва он айни акси пулҳои қаблӣ аст. Дана Сайфуллина гуфт, “пулҳои навро дар заминаи пулҳои қаблӣ таҳия кардем. Тарҳу аксҳо бе тағийр гузошта шудаанд. Мо танҳо усули ҳаккокиро иваз намудему бас. Аксро гирифта дар шакли ҳарфҳо ба компютер интиқол додем, ки ин чизеро иваз намекунад.”

Тавҷеҳи намояндагони Бонки миллии Қирғизистон зоҳиран сокинонро қонеъ накардааст ва ин баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад. Баъзе тарроҳон дар навбати худ шакли ислоҳшудаи акси Алиқул Усмоновро пешниҳод доранд.

Дмитрий Бондарев, яке аз тарроҳон, гуфт, “дар акси нав чашмонаш чандон равшан инъикос нашудааст. Маълум аст, ки пилки чашмон поинанд. Мо пилкро каме боло ва чашмонро калонтар кардем. Тавассути фотошоп ин корро анҷом додан мушкил нест, вале дар нармафзори “Сербер” ё “Эксентро”, ки бонк маъмулан аз онҳо истифода мекунад, чунин имконият вуҷуд надорад.”

Бонки миллии Қирғизистон пули навро аллакай чоп кардааст ва моҳи январи соли оянда ба муомилот хоҳад баровард. Феълан ниҳоди танзимкунандаи бозори асъор барои иваз кардани акси шоир нақша надорад, вале интизор меравад, ҷанҷоли ба истилоҳ каҷии чашми шоир ба ин зудӣ аз байн намеравад.

XS
SM
MD
LG