Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои "Киштии арвоҳ" ба 33 нафар расид


Мақомоти аёлати Калифорния мегӯянд, теъдоди қурбониҳои сӯхтор дар шаҳри Окленд ба 33 нафар расид. Гуфта мешавад, нимашаби 2 декабр, вақте оташ сар зад, дар бино дастикам 100 нафар ҳузур доштанд.

Раиси пулиси Аламеда, Рей Келли гуфт, ки шумори қурбониҳо метавонад аз ин ҳам бештар шавад.

Ин бино асосан анбор буда "Киштии арвоҳ" лақаб дорад ва ба гунае макони таҷаммӯи рассомону коргоҳҳои онҳо буд. Ин бино ҳамчунин сарпаноҳи ғариқонуни даҳҳо ҷавон ба шумо мерафт.

Сокинони пешини ин бино онро як макони бетартиб, бо ноқилҳои печидаи барқ, тӯдаи чӯб ва баромадгоҳҳои камшумор "доми марг" тасвир мекунанд.

Онҳо мегӯянд, долону роҳравоҳи ин бино барои одамоне, ки онро хуб намедонистанд фирор аз сӯхторро мушкил кардааст.

XS
SM
MD
LG