Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, қабул кард, ки барои ҳалли даъвои ҳуқуқӣ бар сари, ба истилоҳ, "Донишгоҳи Трамп" 25 миллион доллар ҷубронпулӣ хоҳад пардохт. Як гурӯҳи донишомӯзон аз болои ин миллиардер ба додгоҳ шикоят карда буданд ва даври аввали баррасии парванда бояд охири моҳи ноябри имсол шурӯъ мешуд. Онҳо гуфтанд, донишҷӯён барои вуруд ба "Донишгоҳи Трамп" 35 ҳазор долларӣ пардохта, бояд асрори хариду фурӯши амлокро аз худ мекарданд, вале чизе дар ин маврид ҳосил нагардид. Баъди иқрори Доналд Трамп, 6 ҳазор донишҷӯи ба истилоҳ "Донишгоҳи Трамп" ҷубронпулӣ мегиранд. Бар замми ин, президенти мунтахаби Амрико ба буҷаи кишвараш як миллион ҷарима хоҳад пардохт.