Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаага: Амрико дар баробари ҷиноятҳои ҷанг дар Афғонистон масъулият дорад


Нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Хадамоти истихбороти ин кишвар дар баробари ҷиноятҳои ҷанг дар Афғонистон масъулият доранд, омдаааст дар гузориши муқаддамотӣ, ки Додгоҳи ҷинояти байналмилалии Гаага ё Ҳейг омода кардааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки низомиёни артиши Амрико эҳтимолан дар рафтори бераҳмона ва шиканҷаи даҳҳо ширкатдори амалиёти ҳарбӣ аз моҳи майи соли 2003 то моҳи декабри соли 2014 дар Афғонистон даст доранд.

Кормандони Хадамоти истихборот эҳтимолан дар бадрафторӣ ба 27 зиндонӣ аз Афғонистон, Лаҳистон, Руминия ва Литва дар солҳои 2002-2008 масъул ҳастанд.

Додситонҳои Додгоҳи ҷинояти байналмилалӣ базудӣ тасмим хоҳанд гирифт, ки аз рӯи иттиҳомоти мазкур таҳқиқи комилро ба роҳ монанд ё не. Намояндаи Департаменти Давлатии Амрико Элизабет Трюдо гуфтааст, ки асосеро барои таҳқиқ намебинад. "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо қонунҳои замони ҷанг бо масъулият бархӯрд мекунад ва сохтори боэътимоди таҳқиқро дорад, ки бо қавонини байналмилалӣ мувофиқат мекунад", - гуфтааст Элизабет Трюдо. Намояндагони Пентагон гуфтаанд, ки аз додгоҳ ҷузъиёти таҳқиқро интизоранд.

XS
SM
MD
LG