Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додон ё Санду? Даври дувуми интихоботи Молдова


Сокинони Молдова дар даври дувуми интихоботи президентии ин кишвар бо интихоби душвор рӯ ба рӯ ҳастанд. Онҳо ба ду номзад, ки яке ҳомии Ғарб ва дигаре хоҳони наздикии равобит бо Русия аст, раъй хоҳанд дод. Яке аз номзадҳо Игор Додон, вазири собиқи тиҷорат аз Ҳизби сотсиалист аст, ки дар даври аввали интихобот дар моҳи октябр пешсаф буд, вале аксарияти мутлақро ба даст наовард. Ӯ дар интихоботи рӯзи якшанбе бо Мая Санду, яке аз тарафдорони наздик шудани кишвараш бо Аврупо рӯ ба рӯст. Санду, ки пеш аз ин дар Бонки ҷаҳонӣ кор карда ва вазири маорифи Молдова низ будааст, дар мавриди наздик шудани кишвараш бо Русия, аз бузургтарин содиркунандаи энержӣ ба Молдова, ҳушдор додааст. Дар 20 соли ахир ин аввалин интихоботи мустақими раёсати ҷумҳурӣ дар Молдова аст. Қаблан сарвари давлатро намояндагони мардумӣ интихоб мекарданд. Молдова бо севуним миллион аҳолӣ яке аз фақиртарин кишварҳои аврупоӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG