Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Associated Press: Трамп муҳтавои мулоқотҳояшро ошкор намекунад


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп ба хабарнигорон иҷоза надод, ки рӯзи 10 ноябр дар нахустин мулоқоташ бо раиси ҷумҳури амалакунанда Барак Обама ва раҳбари Конгресс ӯро ҳамроҳӣ кунанд.

Дар ҳамон рӯз аз вуруди хабарнигорон ба мулоқоти бонуи аввал Мишел Обама бо Миланией Трамп, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Кохи Сафед омада буд, ҷилавгирӣ шуд. Маъмурияти Обама дар шабакаҳое иҷтимоӣ аксеро нашр кард, ки суратгири расмӣ бардошта буд. Хабаргузории Associated Press гуфтааст, ки ин гуна аксҳоро истифода намекунад.

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ бар хилофи анъанаи мавҷуд дар Кохи Сафед тими Трамп дар бораи мулоқот ва қарорҳои президент ба матбуот хабар намедиҳад.

Ҳамаи ин қадамҳо, ба гуфтаи Associated Press, аз талошҳои Трамп ба пинҳонкорӣ баъди пирӯзи дар интихоботи рӯзи 8 ноябр аломат медиҳанд.

Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ борҳо дар бораи матбуот тундгӯӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG