Таркиш дар ду шаҳри шимолии Ироқ беш аз 20 нафарро кушта ва даҳҳо нафарро маҷрӯҳ кард. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки нерӯҳои артиши Ироқ барои бозпасгирии шаҳри Мавсил аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба пешравиҳои бештар ноил шуданд. Таркишҳои рӯзи 6 ноябр дар Тикрит ва Самарра ба назар мерасад, бахше аз ҳамлаҳои қасосгиронаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст. Дар Тикрит таркиши як мошини бомбгузоришудаи "Ёрии таъҷилӣ" 13 кушта бар ҷой гузошт. Дар инфиҷори як худрав дар наздикии ҳарами ду имоми шиа дар Самарра даҳ нафари дигар ҷон бохтанд. Расонаҳои Эрон гуфтанд, ки афроди кушташуда дар таркиши Самарра асосан зоирони эронӣ будаанд. Мақомоти ҳардуи шаҳри Ироқ "соати комендантӣ" эълон карда ва аз эҳтимоли рух додани чунин таркишҳо ҳушдор додаанд.