Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози рус дар Ҳалаб захмӣ шуданд


Ду сарбози рус ҳангоми тирборони гузаргоҳи башарӣ дар Ҳалаби Сурия захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба вазорати дифои Русия хабар додааст.

Ин сарбозон ба минтақаи амни шаҳр интиқол ёфтанд, кӯмаки тиббӣ гирифтанд ва таҳдиде ба зиндагии онҳо вуҷуд надорад. Ба гуфтаи вазорати дифои Русия ин ҳодиса дар қисмати ғарбии ҷодаи Кастелло рух дод. Ин минтақа ба гуфтаи хабаргузории Русия барои хуруҷи низомиёне, ки бо силоҳ берун мераванд, боз аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ҳудудан 50 хабарнигори Русия, матбуоти ғарбӣ ва кишварҳои арабро аз минтақа берун оварданд.

Пеш аз ин матбуоти Русия хабар дод, ки чархболи низомии Русия дар вилояти Ҳамо нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ҳайъати сарнишинон дар ин ҳодиса осеб надид ва ба ҷойи безарар интиқол дода шуд.

XS
SM
MD
LG