Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олланд хост, Бритониё 1,5 ҳазор муҳоҷири ноболиғро гирад


Франсуа Олланд
Франсуа Олланд

Франсуа Олланд – раиси ҷумҳури Фаронса – аз мақомоти Бритониё даъват кард, то якуним ҳазор наврасро, ки дар лагери муҳоҷирон дар Кале ҳастанд, қабул намояд. Мақомоти Фаронса гуфтанд, ин наврасони муҳоҷир касе надоранд, ки онҳоро дар Аврупо роҳнамоӣ кунад. Аз чанд рӯз ба ин сӯ Фаронса ба холӣ кардани лагери Кале сар кардааст. Дар гузашта дар онҷо аз 6 то 8 ҳазор паноҳҷӯи Осиёву Африқо ба сар мебурданд. Франсуа Олланд аз тасмими аз байн бурдани кампи Кале ва кӯч додани муҳоҷирон ба марказҳо дар саросари ин кишвар истиқбол кард ва гуфт, дигар иҷоза нахоҳанд дод, то чунин маҳалҳо, ба қавли ӯ, худсарона сохта шаванд. Ҳукумати Фаронса мегӯяд, бастани ин лагер ва кӯч додани паноҳандагон ба маконҳои дигар аз рӯи инсондӯстӣ анҷом мешавад. Ҳазорҳо муҳоҷир бо ин умед дар кампи Кале зиндагӣ мекарданд, ки бо роҳе ба қаламрави Бритониё гузаранд.

XS
SM
MD
LG