Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман гуфт, ки оташбаси 72-соатӣ баъди ризоияти ҷиноҳҳои вориди ҷанг акнун ба ҳукми иҷро медарояд. Исмоил Шайх Аҳмад гуфт, ки созиши оташбас нимашаби 18 октябр ба кор медарояд ва имкон медиҳад, ки кумакҳои башардӯстона ба мардуми бисёр ниёзманд бирасанд. Мақомоти баландпоияи Яман гуфтанд, ки тамдиди оташбас имконпазир аст.
Абд Раббу Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури дар табъиди Яман кӯмакҳои башардӯстонаро барои Таиз, шаҳри тақсимшудаи асосан таҳти назорати шӯришгарони Ҳуси, дархост кардааст. Нерӯҳои ҳукумати Яман аз чаҳор роҳи дастрасӣ ба минтақа, танҳо якеро дар ихтиёр дорад.
Ҳусиҳо, ки аз тарафи Эрон ва шарикони дигари вафодор ба президенти собиқ Алӣ Абдулло Солеҳ пуштибонӣ мешаванд, бахши умдаи шимоли Яманро таҳти назорат доранд. Нерӯҳои содиқ ба президент Ҳодӣ, ки Арабистони Саудӣ тарафдораш ҳаст, бахшҳои дигар кишварро бо қабилаҳо, таҳти назорат гирифтаанд.
Бинобар маълумоти СММ дар низои Яман ҳудудан 10 ҳазор нафар, бо шумули 3800 нафар ғайринизомиён кушта шуданд.