Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Каримов рӯйпуши Каъбаро ба масҷиди Тошканд дод


Татяна Каримова, ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва духтараш Лола Каримова-Тиллоева масҷиди "Минор"-и Тошкандро зиёрат ва рӯйпуши Каъбаро ба ин масҷид тақдим карданд.

Модару духтар рафти корҳои ободонии масҷидро назорат ва бо имом-хатиби шаҳри Тошканд Анвар-қорӣ Турсунов мулоқот намудаанд.

Рӯйпуши сиёҳи абрешимии Каъбаро, ки бо симҳои тилоӣ нақшдӯзӣ шудааст, соли 1992 шоҳи Арабистони Саудӣ ба Ислом Каримов тақдим карда буд.

Сохтмони масҷиди "Минор" соли 2013 шуруъ шуда, 1 октябри соли 2014 ба итмом расид.

XS
SM
MD
LG