Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи Таиланд баъди 70 соли ҳукмронӣ даргузашт


Шоҳи Таиланд Пхумипон Адуладет дар дар Бангкок вафот кард. Ӯ 88 сол дошт ва аз соли 1946, бештар аз раҳбарони кунунии кишварҳои дунё дар қудрат буд. Дар тӯли раҳбарии ӯ дар Таиланд 20 нахуствазир иваз ва 16 конститутсия қабул шуд. Ӯ ҳамчунин даҳ табаддулотро пушти сар кардааст.

Хабари бад шудани саломатии шоҳ охири ҳафтаи гузашта пахш шуд ва рӯзи чаҳоршанбе мақомоти ин кишвар гуфтанд, ки вазъи сиҳҳатии Адуладет бад шудааст. Ба думболи ин ҳазорҳо нафар дар назди девори бемористон ҷамъ шуданд.

Пхумипон Адуладет 5 декбри соли 1927 дар шаҳри Кембриҷи аёлати Массачусетс ба дунё омада буд. Он замон падари ӯ дар донишгоҳи Ҳарвард таҳсил мекард. Баъдтар оила Адуладет ба Таиланд баргашт ва ӯ дар соли 1946, баъди марги бародараш тахти шоҳиро мерос гирифт.

Шоҳи Таиланд дар ин кишвар, ки аз нерӯҳои мухталифи сиёсӣ иборат аст, чеҳраи муттаҳидкунанда буд ва дар оштӣ додани ин нерӯҳо нақши калидиро мебозид. Ҳамон тавр, ки интизор меравад, тахти Адуладет акнун насиби писари ягонаи ӯ Маҳа Вачиралонкорн мешавад.

XS
SM
MD
LG