Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби дурбинҳои "Шаҳри бехатар" дар Кӯлоб


Дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб нахустин дурбини назоратии “Шаҳри бехатар” насб шудааст. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 10 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ин амр ба хотири назорат ба ҳаракати нақлиёт ва ҷилавгирӣ аз вуқӯи садамаҳо дар минтақа аст”. Ба қавли мақомот, насби камераи назоратии “Шаҳри бехатар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба он хотир аст, ки бештари садамаҳо дар ин макон рух медиҳанд.

Насби камераҳои назоратӣ дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки қаблан дар ин минтақа посгоҳи Бозрасии давлатии автомоблӣ ё ГАИ вуҷуд дошт ва кормандони он бо “радар” суръати ҳаракати нақлиётро ташхис медоданд. Дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” охири соли 2013 танҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе насб шуда буданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар инанд, ки баъди фаъол шудани камераҳои назоратӣ дар чорчӯби тарҳи “Шаҳри бехтар” мавридҳои садамаи нақлиётӣ кам шудааст.

Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар пойтахти Тоҷикистон бар пояи 22 миллион доллар қарзи Чин анҷом шуд.

XS
SM
MD
LG