Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилои сафорат дар бораи теракти Қирғизистон таҳқиқ мешавад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) иттилои сафорати ИМА дар Бишкекро, ки шаҳрвандони худро аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳушдор дод, таҳқиқ мекунад.

Масъулoни кумита гуфтаанд, ки сафорат дар ин бора ҳеч гуна иттилое ба мақомоти махсуси Қирғизистон пешниҳод накардааст ва таҳқиқ низ баъди нашри изҳорот дар ВАО оғоз шуд. Тавре маълум гардид, ба таҳқиқи қазия Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон низ пардохтааст.

Сафорати ИМА дар Бишкек бо нашри як изҳорот гуфт, ахиран иттилоеро дастрас кардааст, ки бар пояи он эҳтимол дорад, моҳи октябр дар Қирғизистон зидди мақомоти маҳаллӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ сурат гирад.

"Ягон хатари ҷиддӣ нисбат ба шаҳрвандони ИМА вуҷуд надорад. Сафорат танҳо хост, шаҳрвандони Амрикоро, ки дар Қирғизистон сайёҳат ё зиндагӣ мекунанд, огоҳ кунад, то ҳангоми ҳузур дар нақлиёт ё ҷойҳои ҷамъиятӣ барои амнияти худ тадбир андешанд", - омадааст дар изҳороти сафорат.

Ҳамчунин сафорати ИМА ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки аз рафтан ба маконҳои серодам худдорӣ ва дастури мақомоти маҳаллиро, бахусус дар ҳолатҳои изтирорӣ иҷро кунанд ва барои огаҳӣ ёфтан аз вазъият хабарҳои ВАО-ро пайгирӣ намоянд.

XS
SM
MD
LG