Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавон бо табару “бензопила” занеро кушт. ВИДЕО


Дар фурӯшгоҳи Минск ҷавоне занеро бо арра ба қатл расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Як ҷавони мусаллаҳ бо табару "бензопила" дар маркази савдое дар пойтахти Беларус ба сокинон дарафтода, як занро кушт ва якеи дигарро захмӣ кард. Мақомоти Беларус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳамла рӯзи 8 октябр дар фурӯшгоҳи "Европа" ба вуқӯъ пайваст. Баъдан пулис нафари муттаҳамро боздошт кард, ки гуфта мешавад, як сокини 17-солаи Беларус будааст. Бар асоси навори дурбинҳои назоратӣ, ин ҷавон табару "бензопила"-ро дар дохили қуттии гитор вориди маркази савдо кардааст. Ҳукумат мегӯяд, зани дигари захмӣ 46 сол дошта, баъди зарбаҳои табар ба сина ва китфаш дар бемористон табобат мегирад. Пулис то ҳол ангезаи чунин рафтори ҳамлаварро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG