Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон аз баҳри қонуни манъи "аборт" гузашт


Порлумони Лаҳистон ё Полша пешнависи қонун дар бораи манъи сиқти ҷанин ва ё абортро лағв кард. Аксари намояндагони порлумон аз ин қарор пуштибонӣ карданд. Рӯзи 3 октябр дар ин кишвар ҳазорҳо нафар алайҳи барномаҳои ҳукумат тазоҳурот карданд, ки мехост, сиқти ҷанинро комилан манъ кунад ва ба модару духтурҳое, ки ба ин амал даст задаанд, ҷазои ҷиноятӣ таъин намояд.

Ҳоло дар Лаҳистон, як кишвари аврупоӣ ва аз назари мазҳабӣ муҳофизакор шадидтарин қонунгузорӣ дар ин робита амал мекунад ва сиқти ҷанин танҳо дар ҳолатҳое тавҷеҳ мешавад, ки агар ба ҳаёт таҳдид кунад. Ҳамасола дар ин кишвар аз чандсад то 2 ҳазор амалиёти сиқти ҷанин анҷом мешавад. Аммо теъдоди онҳое, ки ин амалро дар хориҷи кишвар анҷом медиҳанд, аз 100 то 200 ҳазор мерасад.

XS
SM
MD
LG