Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз шаҳрвандонаш хост, боэҳтиёт бошанд


Вазорати корҳои хориҷии Русия ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ ҳастанд, маслиҳат додааст, то 30 сентябри соли равон боэҳтиёт бошанд. Зеро, эҳтимол дорад, ки тундравон барои бомбаборони Ҳалаби Сурия қасос бигиранд.

Дар изҳороти ВКХ Русия омадааст, "як қатор созмонҳо, аз ҷумла исломгароён даъват кардаанд, ки санаи 30 сентябр "Рӯзии ҷаҳонии хашму эътироз" зидди амалиёти низомӣ дар Ҳалаб баргузор карда шавад.

ВКХ гуфтааст, ки ҳамлаи тундравон ба Русияро аз эҳтимол дур намедонад, бино бар ин аз шаҳрвандони кишвараш хоҳиш мекунад, ба ҷойҳое, ки ба амнияташон хатар таҳдид мекунад, нараванд.

Созмони "Иттифоқи байналхалқии олимони мусалмон", ки дар Қатар ҷойгир аст, аз руҳониёни мусалмон даъват кардааст, то рӯзи ҷумъаро "Рӯзи хашм" эълон ва дар намози ҷумъа ҳамраъйияшонро бо Ҳалаб баён кунанд.

Амалиёти низомӣ дар Ҳалаб 19 сентябр баъди барҳам хурдани оташбаси ИМА ва Русия, дубора шуруъ шуд. Нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо кумаки Русия минтақаҳои шарқии шаҳрро бомбаборон карданд. Гуфта мешавад, дар як ҳафтаи охир дар ин шаҳр 250 кас кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG