Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии ин созмон гуфтааст, ки бештари раҳбарони сиёсии кишварҳои ҷаҳон манфиатҳои шаҳрвандони худро пушти пой кардаанд. Вай изҳор доштааст, раҳбарони бештари кишварҳо барои дар сари қудрат мондан ба тағйири Қонуни асосӣ, сохтакорӣ дар раванди интихобот ва чораҳои дигари ноумедкунанда даст мезананд, вале бояд бидонанд, ки ин мансаби онҳо моликияти шахсиашон нест.
"Изҳори боварӣ аз ҷониби шаҳрвандон аст. Ошкоро мегӯям, ки Шумо бояд ба мардуматон хидмат кунед ва аз коҳиши демократияву дуздии захираҳои табиии кишвари худ ва паси панҷара кардани мухолифонатон даст бардоред", - афзудааст дабири кулли СММ. Ба навиштаи торнамои расмии СММ, Бан Ки Мун ахлоқи дипломатиро канор гузошта, кишварҳоеро, ки наметавонанд мушкили вазнини худро имрӯз ҳал кунанд, ба шиддат интиқод кардааст. Вай ёдовар шудааст, ки раҳбарони ҷаҳон дар назди шаҳрвандони худ ҷавобгаранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда комилан қодир аст.
Дабири кулли СММ гуфтааст, бо дили нохоҳам аз мансабаш канор хоҳад рафт. "Тундравон мардумро маҷбур мекунанд, ки ҳамаро ба худию бегона ҷудо кунанд ва замин ба ҳаракатҳои мо бо баланд кардани сатҳи обҳои баҳру гармиҳои набуда ва шамолҳои сахт посух мегӯяд", - илова кардааст Бан Ки Мун.