Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз "популизм" -и будҷа ҳушдор дод


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев алайҳи "популизм дар барномарезии будҷа ва ҷазбияти чопи рубли бештар ҳушдор дод. Медведев дар матлабе, ки нашрияи "Российская Газета" чоп кард ваъда додааст, ки будҷаро бо эҳтиёт, аммо бидуни чашм пӯшидан аз ниёзҳои иҷтимоӣ ва амниятӣ нигаҳ медорад. Мақола дар фосилаи се-чор рӯз баъди интихоботи порлумонӣ нашр шуд, ки мавқеи ҳизби ҳокими "Русияи ягона"- ро дар полумон қавитар кард. "Мо бояд ба популизм роҳ надиҳем.. махсусан дар масъалаи будҷа"- навиштааст Медведев дар ин мақола.

Русия аз коҳиши қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои Ғарб дар муқобили ишғоли нимҷазираи Қрим ва кӯмак ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ранҷ мебарад. Баъзе ҷиноҳҳо дар ҳукумати Русия тахсиси маблағҳои бештарро барои бахшҳои низомӣ ва амниятӣ ташвиқ мекунанд.Ҷиноҳҳои дигар барои харҷҳои бештар дар бахшҳои иҷтимоӣ, мисли боло бурдани маош ва ҳаққи бознишастагӣ "лоббигарӣ" доранд.

Бинобар пешгӯиҳо иқтисоди Русия дар соли равон ба 0,5 дар сад коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG