Сериали амрикоии "Бозии тоҷу тахт" (The Game of Thrones) дар заминаи дарёфти ҷоизаи "Эмми" рекорд гузошт. Рузи якшанбе дар маросими тақдими ҷоизаҳо, дар Лос-Анҷелес ин намоишномаи телевизионӣ 12 ҳайкалчаи "Эмми"-ро бо худ бурд- аз ҷумла дар бахши беҳтарин сериали драммавӣ ва коргардонии беҳтарини баъзе бахшҳо.
Ба сурати умум, дар таърихи мавҷудияташ "Бозии тоҷу тахт" 38 ҷоизаи "Эмми"-ро дарёфт кардааст. Рақибони "Бозии тоҷу тахт" дар ин сабқат сериалҳои маъруфе чун "Амрикоиҳо", "Ҷаноби Робот", "Ватан" ва дигарон буданд. "Мардум бар зидди Ҷей Симсон: Таърихи ҷинояткорӣ дар Амрико" - беҳтарин сериали хурд эътироф шуд. Дар жанри беҳтарин филми ҳаҷвӣ "Эмми" насиби "Ноиби-президент" шуд.
Ҷоизаи "Эмми" аз соли 1941 ба ин сӯ тақдим мешавад ва аз рӯи вазн варианти телевизионии "Оскар" аст.