Ҳукумати Амрико ба хонаводаи Ҷовани Ло Партои 37-сола, корманди як созмони хайрияи итолиёӣ, 1 миллиону 200 ҳазор доллар пардохт кард. Ло Парто соли гузашта аз зарби бесарнишини амрикоӣ дар Покистон кушта шуд.
Ҷовани Ло Порто соли 2015 аз сӯи ҷангҷӯёни Ал-Қоида рабуда шуда буд. Уоррен Вайнштейн, корманди амрикоии созмони хайриявӣ низ, ки 73 сол дошт, ҳамроҳи ӯ рабуда шуда буд. Қасри Сафед пардохти ҷуброн ба оилаи Ҷованиро тасдиқ кард, аммо маълум нест, ки ба оилаи Вайнштейн ҳам ҷуброн пардохт шуд, ё не.
Соли гузашта президент Барак Обама эътироф кард, ки Ҷовани Ло Порто ва Уоррен Вайнштейн тасодуфан дар пайи як амалиёти махфии мубориза бо терроризм кушта шуданд ва аз он ибрози таассуф кард. Ин амалиёт алайҳи танзимҳои Ал-қоида дар Покистон ва наздикии марзи Афғонистон равона шуда буд.