Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз президенти Амрико Барак Обама даъват карданд, ки қабл аз рафтанаш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ собиқ ходими истихборот Эдвард Сноуденро афв кунад. Созмони Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико, Амнести Интернешнал ва Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 14 сентябр барои афви гуноҳи Сноуден, ки ба Русия паноҳ бурдааст, додхост ё "петитсия" пахш карданд.
Сноуден ба нашри маълумоти маҳрамонаи Оҷонсии амнияти миллии Амрико дар робита ба назорати шаҳрвандон, муттаҳам мешавад. "Қазияҳои мисли Эдвард Сноуден аз қазияҳое ҳастанд, ки мавҷудияти салоҳияти афвро аз тарафи президент тавҷеҳ мекунанд", - гуфт намояндаи Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико Антони Ромеро. Вай афзуд, "ақидаҳои муштараке вуҷуд доранд, ки амали Сноуден баҳси густардаеро дар бораи ҳудуди назорати ҳукумат бар мардум ба вуҷуд овард ва ба ислоҳоти чашмгир дар бахшҳои қонун ва технология дар заминаи ҳимояи ҳуқуқи амрикоиҳо роҳ боз кард."
Сноуден мегӯяд, ӯ афв талаб накардааст, аммо ба мурофиаи одилона бовар надорад, зеро қонун дар бораи ҷосусӣ аз соли 1917 ба ӯ иҷозат намедиҳад, ки ангезаҳои ошкор кардани маълумоти маҳрамонаро шарҳ диҳад.