Мақомоти Озарбойҷон баъди тақрибан як моҳи боздошташ Нотиқ Ҷаъфарлӣ, узви ҷунбиши “РЕАЛ” ва аз фаъолони мухолифинро раҳо кардааст. Боздошти Ҷаъфарлӣ бо вокунишҳои тунд дар Аврупову Амрико ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯ ба рӯ шуда буд. Ҳамкорони Нотиқ Ҷаъфарлӣ хабар доданд, ки ӯ рӯзи 9-уми сентябр озод шудааст, вале Илқор Мамадов – раҳбари ҷунбиши “РЕАЛ” – дар боздошт мемонад. Нотиқ Ҷаъфарлӣ рӯзи 12-уми августи имсол ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ боздошт шуд. Додситонӣ, инчунин, Ҷаъфарлиро барои дарёфти грант аз Институти миллии демократӣ, як муассисаи амрикоӣ, муттаҳам кард. Озодии Ҷаъфарлӣ дар остонаи раъйпурсии 26-уми сентябр сурат гирифт, ки ин ҳамапурсӣ қудрати Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷонро бештар ва муҳлати раҳбарии ӯро тӯлонитар хоҳад кард. Иёлоти Муттаҳида аз озодии Нотиқ Ҷаъфарлӣ истиқбол карда ва ҳамзамон аз давлати Озарбойҷон хостааст, ки Илқор Мамадов ва маҳбусони дигари сиёсиро озод намояд.