Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши бомба дар додгоҳи Покистон бо даҳҳо куштаву захмӣ


Бар асари таркиши бомба дар додгоҳи минтақавии воқеъ дар шимолуғарби Покистон дастикам 10 нафар кушта ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Як мақоми покистонӣ рӯзи 2 сентябр гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақал ду ҳуқуқшинос, ду ходими пулис ва се раҳгузар ҷон бохтаанд. Таркиш дар шаҳри Мардон ба вуқуъ пайваст. Биноба гузоришҳо ҳамлагар нахуст норинҷаки дастиро ба даромадгоҳи додгоҳ партоб кард ва баъд худашро тарконд. Вазъи баъзе маҷрӯҳшудаҳо вахим арзёбӣ мешавад. Сухангӯи гурӯҳи тундрави "Ҷамоат ул- Аҳрор", як шохаи Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Мақоми пулиси Мардон, Файзал Шаҳзод дар шарҳи ин ҳодиса ба бахши покистони Радиои Озодӣ гуфт, "Ӯ як ҳамлагари интиҳорӣ буд, ки дар камарбанди маргталабонааш 6-7 кило маводи тарканда дошт."

XS
SM
MD
LG