Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ аз қурбониҳои ҳамлаи Туркия ба Сурия гуфтанд


Рӯзи 28-уми август дар пайи ҳамлаи ҳавоии Туркия ба шимоли Сурия ба камияш 20 нафар ҷон бохтаанд. Дар ин бора ба расонаҳо Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия хабар додааст, аммо то кунун ҳукумати Туркия дар ин бора ҳарфе назада ва ин хабарро тасдиқ ё такзиб накардааст. Ин ҳамлаи Туркия болои як деҳа, дар наздикии шаҳри Ҷароблус, ки таҳти назорати курдҳои зери ҳимояи Амрико мебошад, сурат гирифтааст. Дар миёни қурбониёни ин ҳамла дар баробари чанд низомии курд, инчунин, аҳолии осишта низ будаанд. Туркия ҳамла ба шимоли Сурияро аз 24-уми августи соли равон оғоз кардааст. Ҳадафи ҳамларо Анқара мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва низомиёни курде медонад, ки бо ҷудоиталабони курд дар Туркия ҳамкорӣ доранд. Вазорати корҳои хориҷии Сурия ин амалкарди Туркияро ҷанг ва дахолати ҳарбӣ ба хоки худ донистааст.

XS
SM
MD
LG