Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми барномаи ислоҳоти замини USAID


Барномаи рушди байналмиллалии Амрико – USAID барономаи сесолаи худ оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дар Тоҷикистон ба анҷом расонд. Ҳадафи ин лоиҳа таҳкими ҳуқуқи истифодабарии замин ва ташаккул додани бозори замин дар Тоҷикистон буд. Дар маросими анҷоми ин барнома Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иштирок доштанд. Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои калидии лоиҳа мусоидат намудан ба қабули қонуни нав “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маҳсуб меёбад. Қонуни мазкур моҳи марти соли 2016 ба тасвиб расид. Ин қонун ба хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон медиҳад, ки ба сифати шахси ҳуқуқӣ эътироф гарданд ва ба деҳқонон ҳуқуқи сохтани иншооти муваққатиро дар замини худ фароҳам меоварад.

XS
SM
MD
LG