Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷасадҳои селофанпеч ниҳоӣ шуд


Ду гумонбари аслии марги панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Орел ба мӯҳлати 2,8 ва 2,2 соли зиндон маҳкум шуданд. Кумитаи тафтишоти вилояти Орел хабар дод, ки Ахмед Ахмедов ва Беҳрӯз Саидов, шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон ва сокинони вилояти Орел,, дар содир кардани "куштор аз рӯи беэҳтиётӣ", хароб кардани лӯлаи нафт ва ғорат айбдор дониста шудаанд.

Онҳо мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ муайян кардааст, ки Ахмедов ва Саидов панҷ шаҳрванди дигари Тоҷикистонро барои дуздии маҳсулоти дизеливу нафтӣ ҷалб кардааст ва онҳо ба таври ғайриқонунӣ лӯлаи нафти Куйбишев-Брянскро рахна кардаанд. Дар натиҷаи нафаскашии гази дохили лӯла дар як чуқурии зеризаминии лӯла панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Додгоҳ гуфт, ки Саидов ин хабарро ба Ахмедов расонд ва ин ҳарду талош карданд аз ҷасадҳо "халос шаванд". Дар дохили мошине онҳо ҷасадҳои селофанпечро ба вилоятҳои Тула ва Маскав интиқол дода, се ҷасадро дар як истгоҳи автобус гузоштава ду ҷасадро дар дохили як ҷангал пинҳон кардаанд. Миқдори маҳсулоти нафтии дуздидаи онҳо 10 ҳазор рубл ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG