Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ноҳияи стротегии Қундузро гирифтанд


Толибон дар Афғонистон як ноҳияи стротегиро дар вилояти Қундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон ишғол ва нерӯҳои давлатиро ба ақибнишинӣ маҷбур кардаанд. Ҳаётулло Амирӣ, раиси ноҳияи Хонобод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Толибон субҳи 20-уми август аз чандин тараф ба маркази ноҳия ҳамла карданд ва саранҷом нерӯҳои амниятии афғон баъд аз муқовимати зиёд ва ба охир расидани муҳимоти ҷангӣ, маҷбур ба ақибнишинии тактикӣ шуданд. Хонобод дар 30 километрии шарқи шаҳри Қундуз қарор дорад, ки соли гузашта барои муддати кӯтоҳе ба дасти Толибон афтод. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар воқеъ ҷангӯёни гурӯҳ қароргоҳи ҳукумати ноҳия ва идораи пулисро ишғол карда ва мошинҳои низомиву аслиҳаи нерӯҳои давлатиро ғанимат гирифтаанд. Вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон яке аз вилоятҳои ноороми кишвар аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳам аз зиёд шудани ноамнӣ дар инҷо ва наздик омадани Толибон ба марзи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG