Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба Иттиҳоди кишварҳои мустақил эътироз кард


Украина алайҳи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, (СНГ), ки қарор аст барои назорат ба интихоботи Думаи Давлаии Русия дар Қрим намоянда бифиристад, эътироз кардааст. Вазорати умури хориҷии Украина рӯзи 18 август бо пахши як изҳорот гуфт, ки Украина ин ташкилотро дар бораи мавқеи Украини оиди барномаҳои Русия, ки мехоҳад дар қаламрави муваққатан ишғолшудаи Қрим интихобот баргузор кунад, расман огоҳ карда буд. Украина мегӯяд, ки ин интихобот ягон паёмади ҳуқуқӣ нахоҳад ва ҳузури намояндагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар он ҳамчун як амали ғайридӯстона арзёбӣ хоҳад шуд. Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷамъи давлатҳои собиқ шӯравӣ аст, ки баъзе дар он узвияти комил доранд ва бархе ҳамчун коршарик иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG