Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт дар Душанбе


Дар толори “Кохи Сомон”, воқеъ дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон, Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” оғоз ёфт. Ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ибтикори давлати Тоҷикистон ва сарпарастии Созмони Милали Мутаҳҳид аз 9 то 11 август дар Душанбе идома хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Гян Чандра Ачаря, муовини дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид аз ширкатдорон ва суханронони аслии Симпозиуми байналмилалӣ дар Душанбе мебошанд.

Гян Чандра Ачаря, муовини дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид ва намояндагони 17 сохтори дигари ин созмони бонуфузи байналмилалӣ рӯзи гузашта барои ширкат дар ин ҳамоиш вориди Душанбе шудаанд. Ҳамчунин сафирони як қатор кишварҳо дар СММ низ аз меҳмонони фахрии Симпозиуми “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” дар Душанбе ҳастанд.

Ба иттилои масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 500 меҳмон аз 90 кишвари олам, 47 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра дар ин ҳамоиш ширкат доранд.

Афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар кардани дастрасӣ ба об ва беҳдошт, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои об ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳлои минтақавӣ ва бисёрсоҳа ва ғайра аз мавзӯоти матруҳаи Симпозиуми байналмилалии “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” дар Душанбе аст.

Интизор мсеравад, дар поёни кори симпозиум, санади вижа дар робита ба натиҷаҳои кори ин ҳамоиш таҳия ва қабул хоҳад шуд. Ҳамчунин меҳмонони симпозиум аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба барномаҳои тафреҳӣ, назири боздид аз маконҳои дидании ин кишвар созмон дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG