Як гуруҳи коршиносони Осиёи Марказӣ дар ҳамоише дар Душанбе ифротгароии ҷавононро таҳдиди аслӣ ба амнияти минтақа донистанд. Ин ҳамоиш рӯзи 8 август аз ҷониби Бунёди олмонии ба номи Конрад Аденауэр ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ташкил шуд.
Оқбутта Ҷулдусбекова, устоди Донишгоҳи Авруосиёӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, омилҳои аслии гароиши ҷавонон дар кишварҳои минтақа ба гуруҳҳои ифротгаро тақрибан яксонанд. Вай мегӯяд, аз оғоз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳдидҳои ифротишавии ҷавононро ҷиддӣ нагирифтанд ва ин боис ба фаъолтар шудани онҳо гардид.
Таҳлилгари масоили мазҳабӣ дар Тоҷикистон Фаридун Ҳодизода гуфт, бо он ки мақомоти интизомӣ ҳамеша аз иқдоми худ барои пешгирӣ аз ифротшавии ҷавонон ҳарф мезананд, аммо ҳанӯз ҳам ин раванд коҳиш наёфтааст. "Агар як омил фаъолияти ғайриҳирфавии мақомот бошад, аз сӯи дигар боздошту зиндонӣ кардани ҷавонон роҳи ҳал буда наметавонад," - гуфт ӯ. Ин баҳсу нигарониҳо дар ҳолест, ки ду моҳи қабл мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки ба зудӣ стратегияи нави миллии мубориза бо терроризму ифротгароиро барои солҳои 2016-2020 қабул мекунанд, ки дар он ба чаҳор нукта такя шудааст.