Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

180 000 нафар истеъфои Дмитрий Медведевро мехоҳанд


Бештар аз 180 ҳазор нафар аҳолии Русия дар номаи дастаҷамъӣ имзо гузоштаанд ва истеъфои Дмитрий Медведев-нахуствазири Русияро тақозо кардаанд. Изҳорот вай дар аввали ҳафтаи кунунӣ дар бораи дастмузди омӯзгорон боиси барангехтани ғазаби онҳо шудааст.

Ин нома дар сафҳаи интернетии Change.org зуд тарафдорони зиёд пайдо кард ва то нимарӯзии 5 август 180 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд. Чунин вазъ нишон медиҳад, ки ҷонибдорони ин ақида ба зудӣ афзоиш ёфтаанд.

Имзои ин номаи дастаҷамъона 2 август баъд аз он шуруъ шуд, ки Медведев дар Доғистон гуфт, ҳар омӯзгоре, ки мехоҳад пули хуб кор кунад, бояд биравад ва бо тиҷорат машғул шавад.

Дар нома омадааст: “Кобинаи вазиронро бояд касе раҳбарӣ кунад, ки салоҳиятдору таҳсилдида ва дар фикри кишвар бошад. Вале мо баръакси онро мебинем”.

Ин нома ба Владимир Путин-раиси ҷумҳур фиристода шудааст, вале Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл дар ин бора тавзеҳоте надодааст.

XS
SM
MD
LG