Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тан аз силоҳбадастон таслим шудаанд


Пулиси Арманистон рӯзи 31 июл гуфт, ду тан аз мухолифини мусаллаҳе, ки дар дохили як идораи пулис дар Ереван, пойтахти Арманистон сангар гирифтаанд, худро ба мақомот таслим карданд. Дар видеое, ки пулис нашр кард, ҳарду гуфтанд, ки аз сӯи раҳбарони гурӯҳ фирефта шудаанд ва онҳое, ки дар дохили бино мондаанд, аз сарнавишташон метарсанд. Сухангӯи пулис Ашот Аҳорян ҳамчунин гуфт, як узви дигари гурӯҳи мусаллаҳ субҳи 31 июл ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудааст. Аммо ӯ нагуфт, ин нафар дар даргирӣ бо пулис ё дар ҷараёни амалиёт захмӣ шудааст. Субҳи 31 июл аз атрофи бинои ишғолшудаи пулис садои тиру таркиш меомад. Як видеои рӯзи 31 июл дар Ютуб нашр шуда таркишҳоро дар инҷо нишон медиҳад. Ҳамзамон ду табиби боқимондаро аз ин бинои пулис раҳо кардаанд ва дигар дар дасти гурӯҳи силоҳбадаст ягон асир намонд. Силоҳбадастон даст доштанашон дар қатли афсари пулисро, ки рӯзи 30 июл дар дохили мошин дар 400-метрии ин бино тир хӯрд, рад мекунанд. Варужан Аветисян, як узви аршади ин гурӯҳ рӯзи 31 июл гуфт, пулис иштибоҳан онҳоро ба куштани ин афсар айбдор мекунад. Мақомот рӯзи 30 июл ба силоҳбадастон зарбулаҷал доданд, ки то шоми шанбе бинои пулисро тарк кунанд, вагарна ба амалиёти густарда рӯбарӯ хоҳанд шуд. Замони ин зарбулаҷал тамом шуд, вале бовар меравад, ки беш аз 10 силоҳбадаст дар дохили бино мондаанд. Афроди мусаллаҳ, ки аксар собиқадорони ҷанги Қаробоғ алайҳи Озарбойҷонанд, аз рӯзи 17 июл бинои пулисро дар маҳаллаи Эребуни ишғол карда, раҳоии раҳбари мухолифин Жирайр Сефилян ва истеъфои раисиҷумҳур ва сарвазири Арманистонро ба далели бархӯрдашон ба роҳҳои ҳалли низои Қаробоғ талаб доранд.

XS
SM
MD
LG