Роҳбари созмони ҳомии расонаҳо "Адил соз" ва Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон, зимни шарҳи тағйирот ба қонунгузорӣ, ки назорати шадиди расонаҳоро пешниҳод мекунад, гуфтанд, Қазоқистон ба қонуни "сифатан нав" дар бораи ВАО ниёз дорад.
Дар ин бора роҳбари "Адил соз" ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Тамара Калеева дар мактуби кушода ба унвони вазири иттилоот ва иртибототи ин кишвар Даурен Абаев изҳори назар кардааст.
Ба бовари Тамара Калеева, тағйироти пешниҳодшуда "амалан вазифаҳои иҷроношудание"-ро дар пешорӯи рӯзноманигорон мегузорад. "Барои мо ҳанӯз аз чанде қабл қонуни нави ВАО лозим буд. Қонуне, ки назорат, тарсонидан ва ҷазо доданро пешбинӣ намекунад", - мегӯяд Калеева. Вай меафзояд, қонуни нав дар бораи ВАО бояд "ба расонаҳои қазоқӣ рақобати солим, халлоқият, имкони баррасӣ ва шакл додани афкори омма"-ро фароҳам оварад.
Тибқи муаррифиномаи лоиҳаи қонуни мазкур, рӯзноманигорон вазифадор мешаванд, ки дурустии иттилоъро бисанҷанд ва барои паҳн сохтани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ розигии афроди мавриди назарашонро ба даст оранд. Ба вижа, пешбинӣ мешавад, ки ҳангоми кор бо муҳтавои шарҳу тафсили хонандагон, мактубҳои онҳо қонунгузорӣ риоя шавад.
Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, тағйироти пешниҳодшуда ба қонун дар бораи ВАО "масъулияти иҷтимоии рӯзноманигорон ва фарҳанги ҳуқиқии расонаҳоро ташаккул медиҳад".