Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Фаронсаву Олмон бояд ҷиддӣ муолиҷа шаванд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ мегӯяд, ки Фаронсаву Олмон бо “терроризм одат кардаанд” ва дар чаҳорчӯбаи сиёсати муҳоҷирати раёсати ҷумҳурии Трамп мавриди “муолиҷаи ҷиддӣ” қарор хоҳанд гирифт.

Вай зимни суханони худ дар мусоҳибае бо ширкати телевизионии NBC-и Амрико гуфт, кишвараш “бояд билофосила муҳоҷиратро аз кишварҳое боздорад, ки бо терроризм унс гирифтаанд”.

Трамп гуфт, Фаронсаву Олмон ҳар ду дар рӯзҳои охир аз ҳамлаҳои террористии маргбор таккон хӯрданд ва онҳо “мушкили махсус” доранд.

Трамп ҳамчунин аз Иттиҳодлияи Аврупо интиқод кард ва гуфт, ки он барои “шикастани Амрико ташкил шуда буд, вақте ки мехост пули худро дошта бошад”. Ба гуфтаи Трамп, ҳадафи Иттиҳодияи Аврупо рақобат бо Амрико буд.

XS
SM
MD
LG