Дар ноҳияи Бозорқӯрғони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар робита ба арӯсрабоӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Гуфта мешавад, ки Айнураи 20-соларо ба рағми хоҳишаш мехостанд, ба шавҳар диҳанд, вале ӯ ба Қазоқистон фирор кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳар сол дар ин кишвар то 12 ҳазор духтарро барои издивоҷи маҷбурӣ медузданд. Ҷамъи он занҳое, ки дар Қирғизистон барои издивоҷи маҷбурӣ рабуда шудаанд, ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ба 150 ҳазор нафар мерасад.