Абдуҷаббор Сафаров ва Аслам Холов, собиқ раисони додгоҳи шаҳри Кӯлоб барои аз худ намудани хонаҳои хизматӣ айбдор мешаванд. Ин афрод ҳини фаъолият ба унвони раиси додгоҳи шаҳри Кӯлоб бо хонаҳои давлатӣ таъмин шуда ва баъди рафтан аз мақом, хонаҳоро аз худ намуданд. Аз додраси савуме, ки хонаи хизматиро аз худ кардааст, ном бурда нашудааст.
Иззатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи 20-уми июл зимни нишастӣ хабарӣ гуфт, ки додгоҳ нисбати ин се нафар қарор содир кард, то хонаҳоро холӣ кунанд. Ҷаноби Табарзода афзуд, ки аз ин се ҳолат яке аз онҳо хонаро холӣ карда, аммо баҳси ду нафари дигар дар додгоҳ ҳанӯз идома дорад.
Раиси додгоҳи минтақаи Кӯлоб афзуд, ки "ҳоло додрасҳои мо дар хонаҳои иҷора ба сар мебаранд, ки аксарашон аз минтақаҳи гуногунанд. Додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар ихтиёр се хона дошт, ки ҳар сеи онро собиқ раисони суд аз худ карда буданд. Мо онҳоро ба суд додем, то хонаҳоро холӣ кунанд. Ҳоло аз ин се хона яктоаш пурра ба идораи додгоҳ баргардонида шуд ва рӯзҳои наздик яке аз кормандон рафта истиқомат мекунад. Аммо Абдуҷаббор Сафаров ва Аслам Холов, ки ҳарду дар гузашта раиси додгоҳи Кӯлоб буданд, то ҳол баҳс доранд ва аз болои қарори додгоҳ боз шикоят карданд."
Ҷомӣ Холов, писари Аслам Холов, чоршанбеи 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аллакай додгоҳ ҳукмашро содир кардааст ва онҳо ҳоло тарки манзили истиқоматӣ мекунанд. Ҷаноби Холов афзуд, ки тибқи қонун, додрас ҳаққ дорад, ки баъди даҳ соли вазифаи хизматиаш соҳиби хонае шавад, ки дар он зиндагӣ дошт. Ӯ мегӯяд, ки падараш 15 сол раиси додгоҳ ва 25 сол ҳамчун додрас кор кардааст, аммо намедонад, ки чаро додгоҳ чунин қарор кард.
"Дар қонуни констутсионӣ дарҷ гардидааст, ки судя баъди 10 соли ифои вазифааш ҳуқуқ дорад, соҳиби хонаи хизматие шавад, ки дар он зиндагӣ кардааст. Падари ман 15 сол раиси суд ва 25 сол судя кор кард, аммо намедонам суд чаро чунин кард. То имрӯз мо дар он хона зиндагӣ мекардем, аммо ҳоло қарори суд содир шудааст ва мо хонаро тарк карда истодаем",--гуфт мусоҳиби мо.
Дар замони шӯравӣ дар ҳар минтақа барои хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ хонаҳои махсусӣ хизматӣ сохта шуда буд ва ҳар хизматчии давлатӣ то адои вазифа ҳуқуқӣ зистан дар ин хонаро дошт ва баъди ба итмом расидани вазифааш хонаро холӣ карда, ба роҳбари нави он муассиса таслим мекард. Аммо баъди пошхӯрии Шӯравӣ аксари ин хонаҳои давлатӣ, шахсӣ карда шуданд.
Зимнан, дар даҳ соли ахир ин аввалин ҳодисае аст, ки додгоҳ кормандони собиқашро барои аз худ кардани хонаҳои хизматӣ муҷозот мекунад. Абдуҷаббор Сафаров ва Аслам Холов яке соли 2012 аз додгоҳи ноҳияи Фархор ва дигаре аз додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба нафақа рафтанд. Аммо онҳо замони раиси додгоҳи Кӯлоб будан, ин хонаҳоро аз худ кардаанд.