Мулоқот миёни сафирони НАТО ва намояндагони Русия аз соли 2014 ба ин сӯ, аз замоне, ки буҳрони Украина боиси якбора бад гардидани муносиботи Москва ва НАТО шуд, дувумин мулоқот буд.
Украина нахустин мавзуи баррасии мулоқоти Шӯрои Русия-НАТО буд. Дар ин бора Котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг хабар дод.
"Мо ҳаминак ҷаласаи Шӯрои Русия-НАТО-ро ба анҷом расонидем. Ин мулоқоти муфиде буд бо гуфтугӯҳои ошкоро самимӣ", - гуфт вай.
Ба гуфтаи Столтенберг, амалкарди Русия дар Украина амнияти Аврупоро ноустувор кардааст. "НАТО ва Русия дар мавриди буҳрон нуктаи назари мухталиф доранд. Мо имрӯз ҳам ба ҳамдигарфаҳмӣ нарасидем. Аммо ин ҷаласа имкон дод, ки мавқеъҳоямонро ошкор кунем ва дар мавриди буҳрони Украина табодули афкор намоем", - гуфтааст Столтенберг.
НАТО ишғоли Қримро қонунӣ ва легитимӣ эътироф намекунад, гуфт вай.