Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони тасмим дар бораи Шарапова ба таъхир афтод


Мария Шарапова
Мария Шарапова

Додгоҳи таҷдиди назар дар бахши варзиш эълон кард, ки тасмим дар бораи Мария Шарапова-ситораи тенниси майдонии Русия то моҳи сентябр ба таъхир хоҳад афтод. Вайро барои истеъмоли доруҳои нирузо аз ширкат дар мусобиқаҳои теннис маҳрум кардаанд.

Акнун Шарапова наметавонад дар бозиҳои олимпии тобистона дар Рио де Женейрои Бразилия ширкат кунад.

11 июл Додгоҳи таҷдиди назари варзиш дар эъломияе гуфт, ки Шарапова ва Федератсияи Байналмиллаии Теннис ба тавофуқ расидаанд, ки эълони ин тасмим ба таъхир андохта шавад. Бояд ин тасмимро 18 июл эълон мекарданд.

Ҳар ду ҷониб гуфтаанд, ки барои омода кардани далелҳои худ ба вақти бештар ниёз доранд. Акнун интизор меравад, ки тасмим 19 сентябр эълон шавад.

Шарапова 5 бор унвони қаҳрамонии теннисро дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ба даст овардааст. Вай моҳи январи соли ҷорӣ дар бозиҳои Australian Open барои истеъмоли доруи нирузо аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд.

Ҳоло вай мехоҳад, ки бар зидди ин тасмим шикоят барад ва худро ба қавле сафед кунад.

XS
SM
MD
LG