Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се тоҷик дар Маскав бо пулҳои қалбакӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пулиси Маскав мегӯяд, ки рӯзи 7 июл дар истгоҳи роҳи оҳани Москва – Киевская се зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми истифодаи пулҳои қалбакӣ дастгир кардаанд. Пулиси нақлиёти ҳавзаи федеролии марказии Русия дар сомонааш хабар дод, ки бино ба маълумоти пешакӣ, ин се шаҳрванди тоҷик то замони боздошташон алакай аз тариқи терминалҳои шаҳри Маскав беш аз 150 пули қалбакиро ба маблағи 144 ҳазор рубл, муодили тақрибан 2300 доллар, иваз кардаанд. Дар натиҷаи таҳқиқ маълум шудааст, ки Пулҳои ҳангоми боздошт аз ин се нафар мусодирашуда қалбакӣ буда, дар корхонаи давлатии «Госзнак» - танҳо корхонаи чопи пулҳои расмии Русия чоп нашудаанд. Пулис мегӯяд, ҳарсе боздоштшуда ба гуноҳи худ эътироф кардаанд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи 186-уми Кодекси ҷиноятии Русия (сохтан, нигоҳдорӣ, интиқол ваё истифодаи пулҳо ва қоғазҳои қиматбаҳои қалбакӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Дар Русия барои чунин ҷиноят ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG