Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Ҷалолобод боиси марги ду нафар гардид


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки таркиши бомбаи сарироҳӣ дар маркази вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи кишвар, боиси ҳалокати як корманди полис ва як сокини осоишта шуд.

Ба гуфтаи Аббос Содот, муовини раиси полиси вилояти Нангарҳор, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 22 июн дар шаҳри Ҷалолобод рӯй дод, ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ӯ афзуд, ба назар мерасад, ки бомбаи дар наздикии постгоҳи полис ҷойгузоришуда идорашаванда буд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Николаc Ҳайсом, як мақоми аршади намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, рӯзи 22 июн ҳушдор дод, ки кишвар метавонад бо хатари интиқомҷӯӣ ва афзоиши хушунат рӯ ба рӯ шавад. Ӯ гуфт, ки баъд аз силсилаҳамлаҳо ба сокинони осоишта дар моҳҳои ахир ва, ба вижа дар моҳи шарифи Рамазон, ба ин натиҷа расидааст.

Ду рӯз пеш дар ҳамлаи ситезаҷӯёни Толибон 14 муҳофизи непалии сафорати Канада дар Кобул кушта ва ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳоле, ки онҳо аз қароргоҳашон дар канори шоҳроҳи Кобул-Ҷалолобод берун шуда савори микроавтобус мешуданд, маргталаб ба онҳо наздик шуд ва маводи таркандаро инфиҷор кард.

XS
SM
MD
LG