Дар Қирғизистон то охири имсол тарҳи қонуне омода хоҳад шуд, ки ҷазо барои харидани раъйи мардумро сангинтар хоҳад кард. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон Туйгунаалӣ Абдраимов мегӯяд, онҳо муваффақ шудаанд, ки аз поймолшавии қонун дар қитъаҳои раъйдиҳӣ пешгирӣ кунанд.
“Танҳо қонунвайронкунии берун аз қитъаҳои раъйдиҳӣ боқӣ мондааст. То зимистон мо ба порлумон лоиҳаи қонунро пешниҳод мекунем. Дар сурати исбот шудани харидани раъйи интихобкунандагон худи вакил ё ҳизбаш аз идомаи ширкат дар интихобот маҳрум мешаванд. Тибқи қонунгузории амалкунанда, ҷазо додани раъйхарӣ душвор аст”, - мегӯяд Абдраимов.
Ба андешаи роҳбари эътилофи “Таза шайлоо” Айнура Усупбоева, ҳизбҳое, ки дар интихобот ширкат мекунанд, роҳҳои осонро меҷӯянд. Аз ин хотир талошҳое, ки барои баргузории интихоботи шаффоф равона шудаанд, дар худи порлумон пуштибонӣ намебинанд.
- Агар ҳизбҳо бо интихобкунандагон на танҳо ҳангоми интихобот, балки ҳадди ақал 2-3 сол қабл аз он кор кунанд ва фаъолияти хуб нишон диҳанд, дар ин сурат раъйдиҳандагон бидуни хариду фурӯш онҳоро интихоб хоҳанд кард. Вале ин раванд тӯлонӣ, душвор аст ва на ҳамеша самар медиҳад. Аз ин рӯ, ҳизбҳо роҳи кӯтоҳтарин, таҷрибашуда ва осонро интихоб мекунанд. Ин нодуруст аст. Ҳизбҳо рушд намекунанд, - мегӯяд Усупбоева.