Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми "занҷаллобӣ"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, дар рӯзҳои моҳи Рамазон ду занро бо иттиҳоми даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир кардаанд. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, яке аз ин занҳо дар шаҳри Исфара дастгир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ин зан субҳи 11 июн, ба як марди 23-солаву як зани 38-сола, ки ҳарду сокинони шаҳри Исфара будаанд, «барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.» Бино ба ин манбаъ, бо айни ҷурм як зани 37-сола дар шаҳри Хуҷанд дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ин зан шаби 15 июн «дар ҳудуди яке аз маҳаллаҳои шаҳр ба марди 30-сола ва зани 21-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.» Алайҳи ҳарду парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои «ташкили фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ» ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда( аз 40 ҳазор то 80 ҳазор сомонӣ) ё то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG