Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама куштори Орландоро "амали террористӣ" хонд (ВИДЕО)


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қатли 50 нафар дар шаҳри Орландои иёлати Флоридаро "амали террористӣ" ва "душманӣ" хонд. Ӯ мегӯяд, ки ин куштор "ҳамла ба ҳамаи амрикоиҳо буд".

Шаби шанбе ба якшанбе дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо 50 нафар кушта ва 53 тани дигар бистарӣ гардиданд.

Бино ба иттилои пулис, шахси мусаллаҳ наздикии соати 2-и шаб дохили клуб шуда, оташ кушодааст ва чун кормандони пулис ба макони ҳодиса омадаанд, ба берун баромада, онҳоро тирборон кардааст. Баъдан дубора дохили клуб гардида, наздики 30 танро гаравгон гирифтааст.

Дар натиҷаи амалиёти субҳи якшанбеи кормандони пулис 30 гаравгон озод ва ҳамлагар кушта шудааст. Дар ин амалиёт аз нақлиёти зиреҳпӯш истифода кардаанд.

Аз ҳамлагар Умар Сиддиқ Матини 29-сола ном бурда шуда, мегӯянд, ки вай қаблан ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” байъат карда будааст. Аммо пулис таъкид мекунад, ки дар бораи пайванди вай бо ҷиҳодиён далелҳои радшаванда надорад.

Нақли касоне, ки ҳамлагари Орландро мешинохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

То кунун Ҳилларӣ Клинтон, Доналд Трамп, ҷомеаи мусулмонони Амрико, дабири кулли Созмони Милал, сухангӯи Ватикан ва бархе аз мақомҳои кишварҳои ҷаҳон ба куштори Орландо вокуниш нишон додаанд.

Дар ҳоле ки “Давлати исломӣ” иддао кардааст, куштор дар бошгоҳи ҳамҷинсгароён дар Орландо кори сарбози он гуруҳ будааст, Доналд Трамп – номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон хостори “бархӯрди қавӣ” бо “исломи радикал” шуда ва Ҳилларӣ Клинтон – номзади эҳтимолии демократҳо хитоб ба ҷомеаи ҳамҷинсгароёни Амрико гуфтаааст, ки “мо ба набард барои таъмини озодии Шумо ва зиндагии бидуни ҳарос идома медиҳем”.

Клинтон дар баёнияи расмии худ афзудааст, “ин куштор “воқеаи террористӣ” ва “бархоста аз нафрат” аст. Ӯ гуфтааст, талошҳо дар дохили Амрико ва муттаҳидонаш дар хориҷ барои тамъини амнияти Иёлоти Муттаҳида бояд дучандон шавад.

Доналд Трамп, ки аз мухолифони алсии вуруди мусулмонон ба Амрико буд, дар яке аз навиштаҳояш дар Твиттер гуфтааст, “агар Барак Обама дар ниҳоят аз ибораи “терроризми исломи ифротӣ” истифода накунад, бояд фавран аз мақоми худ канорагирӣ кунад.”

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, борҳо таъкид карда, ки кишвараш дар ҷанг бо дини Ислом нест, балки бо касоне дар ҷанг аст, ки Исломро таҳриф ва “сипар”-и худ қарор додаанд. Раисиҷумҳури Амрико дар айни замон эътилофе барои мубориза бо гуруҳҳои исломгарои ифротӣ низ ташкил додааст, ки дар ҳоли ҳозир дар набард бо “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ аст.

XS
SM
MD
LG