Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хати интиқоли барқи байнисарҳадӣ ба кор даромад


Дар Шуғнон маросими ба истифода додани хати интиқоли барқи байнисарҳадӣ баргузор шуд. Ин маросим бо иштироки намояндагони ҳукумати вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳии Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Душанбе ва Бунёди Оғохон баргузор шуд. Дар иттилоияи сафорати Амрико гуфта мешавад, ки ​ҳамакнун ду деҳаи Афғонистон ба шабакаи барқии ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Помир Энерҷи»-и Тоҷикистон пайваст шудааст. Дар ин рӯйдоди муҳими таърихӣ тақрибан 100 нафар намояндагон аз ҷамоати маҳаллӣ низ иштирок намуданд. Кордори Сафорати ИМА Лесли Ҳэйден, ва директори генералии ҶСК «Помир Энерҷи» Далер Ҷумаев тугмачаи рамзии дар симчӯб насбшударо пахш намуда, бо ҳамин ба интиқоли барқ байни ду давлати ҳамҷавор ифтитоҳ бахшиданд. Дар қатори дигар шахсони расмӣ муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Риоев ва котиби якуми консулгарии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулишоки Яъқубӣ низ дар маросими ифтитоҳ иштирок карданд. Пайвасткунии ин ду деҳа ба шабакаи барқӣ дар чорчӯбаи Лоиҳа оид ба гузаронидани хати байнисарҳадии интиқоли барқ дар ноҳияи Шуғнон, ки бо дастгирии молиявии USAID бо маблағи 1 млн доллари ИМА ва саҳми Бунёди Оғохон ба миқдори 464000 доллари ИМА сурат гирифт, татбиқ гардидааст.

XS
SM
MD
LG