Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савченко: "украиниҳо, агар бихоҳед, ман президент мешавам"


Надия Савченко-халабони украинӣ, ки 25 май аз зиндоне дар Русия раҳо ва бо ду шаҳрванди Русия доду гирифт шуд, мегӯяд, ки вай омода аст, то номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурии кишвараш гузорад, агар мардуми Украина инро бихоҳанд.

Вай дар нишасти хабарие дар Киев 27 май гуфт, “украиниҳо, агар шумо бихоҳед, ки ман раиси ҷумҳур бошам, хеле хуб аст, ман раиси ҷумҳур мешавам”.

Савченко дар Русия тақрибан ду солро дар зиндон сипарӣ кард ва 27 май бори аввал баъд аз раҳоӣ бо рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор кард. Моҳи март додгоҳи Русия вайро ба 22 соли зиндон маҳкум карда буд.

Дар ин нишасти хабарӣ Савченко гуфт, ки ба кори худ, яъне ба кори халабони низомӣ бармегардад, вале омода аст ҳар кореро, ки Украина ба он ниёз дорад, анҷом диҳад ва ҳатто раиси ҷумҳур бишавад.

XS
SM
MD
LG